Барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои вилоятӣ гузаронида мешавад

Азназаргузаронӣ: 328

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 марти соли 2022, №97 аз санаи 20 май то 24 июни соли 2022 доир хоҳад шуд.

Мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол байни мардон ва бонувон, гӯштини юнонӣ-румӣ, гӯштини миллии камарбандӣ, камонварӣ, варзиши сабук, гӯштини дзюдо, шиноварӣ, гӯштини миллӣ, волейбол байни бонувон ва мардон, гӯштини тарзи озод, гӯштини самбо, вазнбардорӣ, каратэ-до, бокс, футбол, пойгаи равон, қаиқронӣ, дастхобонӣ, таэквандо ВТФ, теннис ва бадминтон гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд