«Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ки дар он 130 нафар ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Зимни боздид аз ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои банақшагирифта ҷойгир карда мешаванд.
Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ пайдо намудан бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд