Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таълимии №7 ба истифода дода шуд

16 апрел дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои таълимии мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», ки аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст, бо маблағи 4 млн 200 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Масоҳати қитъаи замини барои иншоот ҷудогардида 2,23 гектарро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз 528 ҷойи нишаст дар ду баст ва утоқи кори директор, хонаи омӯзгорон ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.

Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ пурра таъмин карда шудааст.

Инчунин дар ҳудуди муассисаи таълимӣ буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон ва дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, бинои муассисаи таълимӣ бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» Умеда Воҳидзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, омӯзгорон ва хонандагони деҳаи мазкур ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд