Дар ноҳияи Спитамен сохтмони ду бинои иловагии таълимӣ оғоз ёфт

Нимаи дуюми рӯзи 5 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба бунёди бинои иловагии уассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 санги асос гузошта шуд.

Зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону саховатмандон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав ва бинои иловагии иншооти соҳаи маориф ҷараён дорад. 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия барои 640 хонанда дар як баст сохта мешавад. 

Тибқи лоиҳа бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, дорои 36 синфхонаи таълимии замонавӣ, китобхонаи муосир, синфхонаи мусиқӣ, синфхонаи таълими меҳнат, ошхона мебошад. Фармоишгари иншоот муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-уми ноҳияи Спитамен буда, пудратчӣ ҶДММ “Муҳандис-1” мебошад.

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар кўчаи ба номи Эргаш Юсуфи Ҷамоати шаҳраки Навкат сохта шуда, барои 560 хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад. Ин бино низ чорошёна буда, дорои 32 синфхона ва утоқҳои фаннӣ аст. Фармоишгари иншоот муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-юми ноҳияи Спитамен буда, пудратчӣ соҳибкорони маҳаллӣ ва ҶДММ “Ватан-3” мебошад.

Ҳарду бинои иловагии таълимӣ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд