Ба беморхонаи шаҳри Бӯстон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуд

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ, ёрирасон ва техникӣ дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова табибони шаҳри Бӯстон ҳамарӯза аз ғамхориву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ азму талош намуда истодаанд.

Хусусан дар давраи вазнини хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ворид гардидани кӯмакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибон, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Дар ин замина, моҳи апрели бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон зиёда аз 138 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили катҳои функсионалӣ, рентгени рақамӣ, автоклав, дастгоҳи ултрасадои доплерӣ, мониторҳои назди кати бемор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

Санаи 13 апрели соли равон бо иштироки мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ва сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова таҷҳизоти муосири тиббиро дар фазои тантанавӣ ба мудирони шуъбаҳои беморхонаи шаҳрӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон як адад Беморхонаи шаҳрӣ мавҷуд буда, ба сокинони шаҳр хизмати тиббӣ мерасонад. Беморхона дорои 16 шуъба буда, дар он зиёда аз 340 нафар  табибон, ҳамшираҳои тиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд