Ба бунёди бинои иловагии Беморхонаи клиникавии рақами яки шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд

25 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои иловагии Беморхонаи клиникавии рақами яки шаҳри Хуҷанд санги асос гузошт.

Бинои иловагӣ барои 260 кат пешбинӣ гардида, аз ҳафт ошёна иборат аст. Фармоишгари иншоот, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар назди табибон ва сохтмончиён баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.

Дар бинои интенсивии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.

Ёдовар мешавем, ки 12 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд, ки куллан симои хешро нав намудааст.

Бо азнавсозӣ ва муҷаҳҳазагардонии бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шароити муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ташхису табобабат фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ, нуқтаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ошхона, лифт ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудааст.

Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд