Мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст корҳои хайр анҷом дода мешавад.

Соҳибкор Самиҷон Собиров тасмим гирифт, ки 1 км роҳи яке аз кӯчаҳои марказии шаҳрро мумфарш карда, саҳми худро дар ободонии маҳал гузорад.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карда, ба соҳибкор ҷиҳати иҷрои амали хайр изҳори сипос кард. Таъкид карда шуд, соҳибкорони бонангу номуси вилоят дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, то имрӯз садҳо километр роҳҳои вилоятро мумфарш карданд, ки шоистаи таҳсин аст. 

Сипас, мумфаршкунии 500 метр роҳи кӯчаи Озодии деҳаи Сомониён низ оғоз ёфт. Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд