Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ вусъат меёбад.

Дар ин раванд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Ҳайдар Усмонови маҳаллаи Сирдарё ва кӯчаи Гагарин оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброх дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарин барои ободу зебо намудани кӯчаву маҳаллаҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси сокинону саховатмандон пайваста корҳои хайру савоб ба иҷро расонида мешавад. 

Сокинон дар навбати худ изҳор доштанд, ки ободсозии Ватан кори ҳар як нафари ватандӯст буда, минбаъд низ корҳои ободонӣ анҷом дода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд