Шиносоӣ бо фаъолияти Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20-солагии Истиқлолият»

Бо фаро расидани фасли тобистон ва давраи таътил дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти урдугоҳҳои қаламрави вилоят оғоз гардида, муҳассилин ба истироҳату фароғат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20-солагии Истиқлолият» аз зумраи урдугоҳҳои бузурги вилоят ба ҳисоб рафта, дар як баст то 360 нафарро фаро мегирад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти кунунии ин истироҳатгоҳ шинос гардида, бо ҷавонону наврасон аз наздик суҳбат намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола лагери мазкур фаъолияти худро аз санаи 4-уми июн оғоз бахшида, дар басти аввал зиёда аз 300 хонанда аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят таътили хешро хушу хотирмон гузарониданд. 

Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20-солагии Истиқлолият» дар масоҳати умумии 5,8 гектар ва дар мавзеи хушбоду ҳавои деҳоти Деҳмой ҷойгир буда, дорои 6 бино, ошхона, маъмурият, толори кино, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ, майдонҳои варзишии футбол, волейбол ва басктетбол, 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад. Дар урдугоҳ барои истироҳаткунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, ҷавонону наврасон бо се маҳал хурок таъмин мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки истироҳатгоҳи мазкур бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардида, барои таълимгирандагон тамоми имконоти замони муосир фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят таъкид дошт, ки масъулин бояд баҳри ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногуни касбомӯзиву донишандӯзӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҷаҳду талош варзанд.

Дар ин урдугоҳ 15 нафар мураббиён фаъолияти босамар дошта, ҷавонону наврасон ба машғулиятҳо ва маҳфилҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Дар лагери мазкур зиёда аз 10 маҳфил аз қабили рассомӣ, китобхонӣ, ровӣ, забономӯзӣ, кашидадӯзӣ, компютерӣ, ҳунарҳои халқӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва ғайра амал менамояд, ки ҳар як хонанда вобаста ба шавқу рағбати хеш ба ин ё он маҳфил ҷалб карда мешавад. Баробари ин мунтазам озмуну мусобиқаҳои гуногуни варзишиву зеҳнӣ ва фаннӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо аз тарафи маъмурияти урдугоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд. Айни замон басти дуввуми лагери мазкур 360 нафар ҷавонону наврасонро ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шуда, дар умум дар 6 баст зиёда аз 2000 нафар ба таътили тобистона фаро гирифта мешаванд. 

Бино ба иттилои роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд тобистони соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои солимгардонӣ дар 10 лагери беруназшаҳрӣ, 685 лагери рўзонаи наздимактабӣ, 31 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 91 лагери фароғативу таълимӣ, 79 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ зиёда аз 75 ҳазор нафар кўдаку наврас сафарбар карда мешавад.

Дар басти аввали фаъолияти лагерҳои беруназмактабӣ зиёда аз 2000 нафар наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Инчунин, бо дастгирию ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кўдакони ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, озмунҳои “Техникони наврас”, “Ватанпарвар”, “Тўби чармин”, сессияи Академияи хурди илмҳо ва ғайра ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон дар мавсими таътили тобистонаи соли ҷорӣ тибқи ҳидоятҳои Президети мамлакат беш аз 300 нафар хонандаи аълохон ва ятиму бепарастор ба истироҳатгоҳҳои вилоят бо роҳхати ройгон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин карда хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд