Вусъати корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар Хуҷанд

Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани муҳити атроф ҳар ҳафта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои тарғиботиву амалисозӣ, ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббусҳои гуногуни «Тозагии соҳил» баргузор гардида, ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамоянд.

Тавре дар хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ташаббуси «Тозагии соҳил» амалӣ карда шуда, қамишзори дохили дарё ва канори он, алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ пурра тоза карда шуданд.

Бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.

Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёр яке аз анъанаҳои қадимии аҷдодони шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, он бояд дар оянда низ идома ёбад. Зеро маъруфияти «Тирози ҷаҳон» аз зебоӣ, пуртароват ва мунавар будани ин шаҳри бостонӣ аз қадимулайём сарчашма гирифта, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини он аст.

Дар робита ба чунин ташаббусҳо дар дигар минтақаҳои шаҳр низ корҳои сабзкорӣ ҷараён мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд