Шиносоӣ бо сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо сохтмони биноҳои баландошёна шинос гардид.

Дар асоси лоиҳа дар кӯчаи мазкур сохтмони силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Айни замон бунёди чунин як бинои истиқоматӣ оғоз ёфта, он аз 20 ошёна иборат аст ва дорои ду даромадгоҳ, 216 хонаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониву таваққуфгоҳ мебошад. 

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд низ бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ идома дошта, зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати сохтмониии "Қудрат-2010" бунёди як бинои 16 ошёна дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бино дорои 442 хонаи истиқоматӣ буда, дар поёни иншоот барои 350 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ ташкил карда мешавад. Дар ду ошёнаи авваи иншоот марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда мешавад. 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббуси соҳибкорон хуш истиқбол намуда, риояи меъёрҳои сохтмониро муҳим арзёбӣ кард ва барои дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд