Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 миллион доллари амрикоӣ гардид ва имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфузи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.
Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова Алишер Қосимов дар чанд озмуни донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза шуд ва якбора ҳашт донишгоҳ — Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуданд, ки маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд.
Донишгоҳҳои зикршуда ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомиланд ва 5 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Алишер Қосимов аз омилҳои ба ин муваффақият дастёбии худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар литсей меҳисобад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур давоми ду моҳ эссеро бо забони англисӣ навиштаву пешниҳод намудааст ва ғолиб гардид. Ин наврас ният дорад, ки яке аз ҳашт донишгоҳи маъруфро интихоб ва дар оянда духтур - ҷарроҳи асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргардад ва баҳри рушди тибби тоҷик саҳм гузорад.
Ҷоизи зикр аст, ки ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ набуда, моҳи декабри соли гузашта се нафар хонандагони ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.
Дар воқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълими дастовардҳои худро самараи иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати омӯхтани забони англисӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.
Танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 13 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 356 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд