Дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз ёфт.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола садҳо километр роҳ таъмиру бозсозӣ карда мешавад.
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан оғоз шуд. Роҳи кӯчаи марказӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масофаи 1,8 километр мумфарш хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ 2,5 километр роҳи ҳудуди шаҳр, ки солҳо инҷониб ба таъмир ниёз дошт, аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Дар баробари мақомоти давлатӣ саҳми сокинони шаҳри бостонӣ низ дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ назаррас аст. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини шаҳр усто Солеҳ Азизов маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро барои ободонии роҳи маҳалла сарф намуд. Бо ташаббус ва маблағгузории ин марди саховатманд 300 метр роҳ бо паҳноии 10 метр мумфарш карда шуд, ки боиси хушҳолии сокинон гардид.
Чунин шахсони саховатманд дар иҷрои амалҳои хайру савоб намунаи ибратанд ва дар дигар минтақаҳо низ сафи чунин инсонҳо кам нест.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд