Шиносоӣ бо сохтмони бинои баландоёшнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, силсилаиншооти муҳими хоҷагии халқ бунёд карда мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази шаҳр аз тарафи ҶДММ «Тоҷсохтмон» бунёди иншооти гуногунсоҳа аз қабили меҳмонхона, кӯдакистон, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот дар масоҳати 0,8 садяк замин бунёд гардида, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ то 22 ошёна қомат афрохта, аз панҷ даромадгоҳ иборат мебошад. Ҳамзамон дар ду зерқабат таваққуфгоҳ барои то 250 автомобил бунёд гардида, ҳудуди он чароғон ва камераҳои назоратӣ насб карда хоҳад шуд.

Меҳмонхона аз 41 ҳуҷра иборат буда, тамоми утоқҳои он бо омезиши нақшу нигори миллӣ сохта мешавад. Дар ошёнаи аввали бино маркази савдо ва хизматрасонӣ мувофиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, тамоми имконоти инфрасохтор дар он муҳайё карда хоҳад шуд.

Биноҳои баландошёна бошад аз 374 хонаи истиқоматии 1, 2, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ иборат буда, дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ мегардад. Лоиҳаи иншооти мазкур бо дарназардошти талаботу меъёрҳои сохтмонӣ омода гардида, он дорои тамоми шароит аст, ки дар шаҳри Хуҷанд аз аввалинҳо ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ зикр дошт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва бунёди чунин як иншооти боҳашамат ба симои шаҳр ҳусни дигар зам менамояд. Ба масъулин ҷиҳати сифатнок идома додани корҳои сохтмонӣ, риояи ҳатмии талабот ва меъёрҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода додани он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома Раиси вилоят бо раванди таълиму тарбия дар гимназияи рақами чор аз наздик шинос гардид. Муассисаи мазкур дорои 3 бино ва 85 утоқи дарсӣ мебошад. Имрӯзҳо дар ин боргоҳи илму маърифат 3040 нафар хонандагон ба илмомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 129 омӯзгор сабақ меомӯзанд. Бинои асосии муассиса дар садаи гузашта бунёд ёфта, бинобар сабаби зиёд гаштани шумораи толибилмон зарурати бунёди бинои нави таълимӣ ба миён омадааст.

Раиси вилоят ба масъулини бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ дастур дод то лоиҳаи ангоравии силсилабинои таълимӣ бо ҷойгир намудани утоқҳои дарсӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, толори варзишӣ ва машваратиро омода ва пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави муассиса бо ҷалби соҳибкорон ва мақомоти иҷроия ба роҳ монда шуда, талаботи маҳалро қонеъ мегардонад. Дар ин раванд тавсия дода шуд, ки дар вақти омодасозии лоиҳа тамоми талабот ва меъёрҳо, яъне ҳамбастагии утоқҳои дарсӣ ва гузаронидани машғулиятҳои варзишиву ҳамоишҳои ҷашнӣ ва истифодаи хӯрок ба инобат гирифта шавад.

Сипас, Раиси вилоят сохтмони кӯдакистони рақами 9 ва таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд