Дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳми соҳибкорон ва сокинни деҳаи мазкур дар доираи нақшачорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 400 000 сомонӣ бунёд гардидааст.
Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, ҳамчун як макони нерумандиву солимӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа мебошад.
Ҷиҳати шабона низ ба варзиш машғул шудан дар атрофи майдончаи мазкур чароғҳои равшандиҳӣ насб карда шудааст, ки ин имкон медиҳад ҷавонон дар вақтҳои барояшон мувофиқ ба варзиш машғул шаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан дар деҳаи Косатарош, ки 5 000 аҳолӣ дорад, ҷавонону наврасон аз надоштани майдони муосир танқисӣ мекашиданд. Акнун дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.