Дар Панҷакент бинои баландошёнаи дорои марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуд

22 ноябр лар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Холзиёев бунёд ёфтааст. 

Бино аз 10 ошёна иборат буда, дорои 80 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ аст. 

Дар се ошёнаи аввал марказҳои савдову хизматрасонӣ аз қабили бонкҳо, мағозаи фурӯши техникӣ, либосу пойафзолҳои мардонаву занона, толори ҳусн, сехи хурди дӯзандагӣ, ошхона, ҷавоҳирот ва ғайра ҷойгир гардида, барои то 70 нафар ҷойи корӣ таъсис дода шуд. 

Роҳбари вилоят зимни ифтитоҳ ба фаъолияти соҳибкорони шаҳри бостонии Панҷакент дар самти анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамнамоии меҳан баҳои баланд дод. 

Бинои истиқоматӣ мутобиқ ба талабот бунёд гардида, ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд