Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзорҳои нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар майдони 31 гектар ба бунёди боғи анъанавии себ асос гузошта шуда, аввалин ниҳолҳои себи навъи маҳаллӣ шинонида шуд.
Дар маросими ниҳолшинонӣ дар боғи навбунёд раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуда, ба саҳмдорони хоҷагӣ ва сокинони деҳоти Нофароҷ барои ташаббусашон изҳори миннатдорӣ баён кард ва барои минбаъд низ нигоҳубин кардани боғ ва самаранок истифода кардани замин бо ҳозирин суҳбати самимӣ доир намуд.



Соли равон кишоварзони Панҷакент тасмим доранд, ки дар 3500 гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
26 феврали соли равон дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор гардид.
