Боздиди Раиси вилоят аз боғи суперинтенсивии себ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти ҷамъоварии себ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод» шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод» дорои 5 гектар боғи суперинтенсивии себ буда, дар он ду намуди себ — «пинк леди» ва «голден делишес» парвариш карда мешавад. 

Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст.

Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.

Оғози ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз аввалинҳо шуда ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози чиниши пахта иштирок карда, зимни суҳбат бо хоҷагидорону масъулини соҳа иброз дошт, ки ҳосили пахта бояд беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор чун солҳои қаблӣ ситод ташкил ва барои ғунучини тилли сафед тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Соли равон хоҷагидорони Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев дар майдони 1750 гектар пахта кишт намуда, ҳосили фаровонро интизоранд. 

Қобили зикр аст, ки соли гузашта пахтакорони Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаев аз уҳдаи иҷрои нақшаи пахатсупорӣ сарбаландона баромада буданд. Ҳама кӯшишҳо ба он равона шудааст, ки имсол низ нақша барзиёд таъмин ва дар зиёд шудани хирман саҳм гузошта шавад. 

Ситоди вилоятии «Ҳосил-2024» таъсис дода шуд

Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии «Ҳосил-2024» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд. 

Сарраёсати кишоварзии вилоят вазифадор шудааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил карда, ғолибонро бо туҳфаҳо сарфароз гардонад.