Дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли равон ба 3 миллиарду 365,2 млн. сомонӣ расонида шуд.
Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.



Дар соли 2022 дар вилояти Суғд тибқи нақша бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 845,4 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда 3,6 баробар зиёд мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Дашти Қозӣ боздид намуд.
