Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар ин ҷо деқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхонаи навро мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.

Дар сардхонаи нав коргарони «Боғи миллии Ваҳдат» бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.