Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 % иҷро гардид

Кишоварзони вилояти Суғд бо меҳнати фидокорона ва талошу заҳмати аҳлона нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

10 декабр сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи пахтакорони вилоят "Муждаи зафар"-ро расонида, хабар дод, ки 9 декабр нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 фоиз иҷро гардид.

Кишоварзони вилоят соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахтаро ба 57159 гектар расонида, уҳдадор шуда буданд, ки 133 800 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намоянд.

Иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Нимаи дуюми имрӯз раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода аз номи пахтакорони ноҳия "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич боздид карданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи Деваштич кишоварзӣ буда, дар ноҳия 36 ҳазору 556 гектар замини корам мавҷуд аст. Аз ин 12 ҳазору 448 гектараш заминҳои обӣ буда, дар ин минтақа соҳаи картошкапарварӣ рушд меёбад.