Ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзида, дар майдони 5, 5 гектар навъҳои гуногуни ангур шинониданд.



Боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд аз қадимулайём дар байни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷои намоёнро ишғол менамояд, зеро ба иқлими ин минтақа бештар дарахтони мевадиҳанда, аз қабили донакдор, тухмакдор, ситрусӣ ва субтропикӣ хос мебошанд. Далели ин зиёд гардидани талаботи давлатҳои хориҷӣ ба хушкмеваҳо ва меваҳои тару тозаи вилоят мебошад, чунки меваҳои ин минтақа бо таъму маззаи худ фарқ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмурзода хабар медиҳад.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 24-26 феврали соли 2023, соати 9-00 дар майдони назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.

