Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин дар Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳар қитъа замин самаранок истифода бурда мешавад.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Боғи миллии «Ваҳдат» мушоҳида гардид, ки барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи роҳу воситаҳои нави боғу токпарварӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар чораҷӯӣ карда мешавад. Дар Боғи миллии «Ваҳдат» майдони боғҳои анъанавии ҳосилдеҳ қариб 354 гектар буда, дар он дарахтони зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, бодому чормағз ва анор парвариш карда мешавад.



Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил дода, алҳол дар рамаҳои мешу бузҳои модарии хоҷагиҳои кишоварзӣ маъракаи наслгирӣ идома дорад.
27 марти соли 2023 раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва дигар мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар маъракаи кишти пахта ширкат варзида, бо пирони рӯзгор ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуданд.
