Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

5 июл дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти Урметан дидан намуда, бо деҳқонону сокинон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Кишоварзони ноҳияи Айнӣ дастовардҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меваю хушкмеваҳо, асал, намудҳои гуногуни ғалладонагӣ, ки ҳамасола аз заминҳои зархези дар ихтиёрдошта истеҳсол мекунанд, ба маъраз гузоштанд.

Як гӯшаи намоишгоҳро намунаи маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ ташкил медод.

Дар ноҳияи Ашт то 25 000 тонна зардолу истеҳсол карда хоҳад шуд

17 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни ҷамъоварӣ, банду баст ва содироти зардолу шинос гардид.

Дар ноҳияи Ашт, ки аз маконҳои асосии меваи зардолу маҳсуб меёбад, 18 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, 16 ҳазор гектари он боғоти зардолу мебошад ва айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Боғдорони ноҳия аз 10 май инҷониб чиниши зардолуи пешпазакро оғоз намудаанд ва маҳсулоти тару тоза ҳамарӯза содирот гардида истодааст. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия 500 гектар боғи​ зардолуи пешпазак вуҷуд дошта, аз ин ҳисоб тибқи нақша бояд 5000 тонна зардолуи пешпазак содирот гардад. Ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш маҳсулот ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон фиристода мешавад.​

Таваҷҷуҳ ба рушди оҳупарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 15 гектар мамнуъгоҳ таъсис ёфта, барои парваришу зиёд намудани саршумори оҳу тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Чуноне зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дода шуд, мамнуъгоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ташкил карда шуда, 30 сар оҳуи навъи лама нигаҳдорӣ мешавад. Атрофи мамнуъгоҳ пурра симтӯр кашида шуда, барои муҳофизати оҳувон нозирон фаъолият мекунанд.

Раиси вилоят ҳини боздид таъкид кард, ки Шаҳристон дорои табиати нотакрор буда, бояд барои ҷалби сайёҳон аз иқтидорҳои бузурги табиӣ истифода бурда шавад. Фаъолияти муназзами мамнуъгоҳ низ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд.