Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти такрории зироатҳо идома дорад

Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар​ 4449 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 9 август 2700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой иттилоъ дода шуд.​

Тавре таъкид карда шуд, деҳқонони ҷамоати мазкур дар парвариши зироатҳо таҷрибаи бой дошта, дар як сол се-чор маротиба ҳосил мегиранд. То имрӯз кишоварзони ҷамоат дар 270 гектар кишти такрории зироатҳоро гузаронда, дар таъмини​ бозори дохилӣ бо маҳсулот саҳми назаррас гузошта истодаанд.​

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои ​ хоҷагидорӣ дар 7 моҳи соли 2023 ба 368 млн 851,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 109,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101,1 фоизро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полезӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни нашъунамои полезию лӯбиёгиҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19”, нашъунамои полезиҳо, лӯбиёгиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулину мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Саҳмдорони хоҷагӣ замини киштро пурраю оқилона истифода бурда, пахта, полезӣ, сабзавот ва лӯбиёгиро кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.