Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 11 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

18 октябр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни ғунучини пахта​ аз наздик шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати вусъат додани корҳои саҳроӣ супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттилои масъулини​ Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли равон дар ноҳия 11 ҳазору 456 гектар кишти пахта гузаронида шуда, заркорон азм доранд, ки то беш аз​ 28 ҳазор​ тонна «тиллои сафед»-ро ба хирман бирезанд. То рӯзи 18-уми октябр дар ноҳия беш аз 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, чиниши пахта муташаккилона идома дорад.

Зимни боздиди​ Раиси вилоят аз заминҳои​ Муассисаи давлатии таълимии​ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ дорои 89,4 гектар замин буда, соли равон дар 52 гектар пахта кишт намудааст. . Хоҷагидорон асосан пахтаи навъи «Дӯстӣ»​ -ро, ки ба боду ҳавои минтақа мутобиқ мебошад кишт намудаанд ва​ имрӯзҳо чиниши дуввум ҷараён дорад.​

Дар Зафаробод 11 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардида, бо кишоварзон суҳбат намуд.

Соли равон дар ноҳияи Зафаробод дар 11 ҳазору 172 гектар кишти пахта гузаронида шуда, заркорон азм доранд, ки беш аз 33 ҳазор тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ намоянд. То имрӯз зиёда аз 11 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардидааст.

Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилоят дар хоҷагиҳои пахтакори «Муҳаммадҷон 2016» ва «Муқим» бо чинакчиёну саҳмдорон ва ҳашрчиён аз шаҳри Истаравшан суҳбат карда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани пахта дастуру тавсияҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамарӯза то 400 нафар сокинони касбу кори гуногун аз Истаравшан ва 100 нафар аз шаҳри Хуҷанд ба кӯмаки пахтакорони Зафаробод омада, саҳми худро дар ҷамъоварии «тиллои сафед» гузошта истодаанд.

Дар ноҳияи Деваштич ҷамъоварии картошка идома дорад

Дар ноҳияи Деваштич дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад.

Сокинон ва деҳқонони ноҳия бо азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва оёбрии заминҳои лалмӣ​ сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд. Соли ҷорӣ деҳқонони сарбаланди ноҳия нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тонна расонанд. То ин дам қисми бештари ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар минтақаҳое, ки нисбатан ҳаво сард аст, ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад. ​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич​ аз намоиши дастранҷи деҳқонон ва раванди ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»​ боздид карда, ба фаъолияти кишоварзон​ баҳои баланд дод. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва ба номи Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст.