Заркорони ноҳияи Ашт соли равон нахустин шуда аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.
Имрӯз раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонида, иброз дошт, ки пахта дар саҳро ҳанӯз фаровон буда, кишоварзони ноҳия тасмим доранд, ки бо ҷамъоварии пурраи ҳосил дар иҷрои нақшаи вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол 6037 гектар пахта кишт шуда, пахтакорон бо истифодаи тухмиҳои наву серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникии кишту парвариш ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд.
Ҷамоатҳои пахтакори ноҳия то санаи 5 ноябр 14231 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карданд, ки ба 100,2 фоизи нақша баробар мебошад.




Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, сокинони касбу кори гуногун ба кишоварзон ёрии амалии худро расонида истодаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маълумот дода шуд.
