Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз гармхонаи "ММК Агро"

9 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро» шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо маҳсулоти хушсифату арзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд тазаккур дод, ки гармхонаи инноватсионӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он бо усули гидропоникӣ ва органикӣ парвариши помидор ба роҳ монда шудааст. Гармхонаи мазкур дар масохати 5 гектар бунёд ёфта, аз муосиртарин насли гармхонаҳо ба шумор меравад.

Айни замон дар гармхона парвариш ва истеҳсоли помидор бо усули гидропоникӣ ва органикӣ ба роҳ монда шуда, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ дода мешавад. Ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Суғд. Ба маблағи 16 миллиарду 288 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Давоми 9 моҳи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 16 миллиарду 288 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113 фоиз таъмин гардид. 

Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282832 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119824 гектар, аз ҷумла гандум 54271 гектар, ҷав 48625 гектар, шолӣ 9619 гектар, лӯбиёгиҳо 4828 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6862 гектар, картошка 29005 гектар, сабзавот 18550 гектар, аз ҷумла пиёз 4919 гектар, полезиҳо 5545 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 45126 гектарро ташкил медиҳад.

Суғд. 1600 хоҷагии пахтакор нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд

Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд муташаккилона идома дошта, то санаи 8 октябр 35429 тонна пахта истеҳсол шуда, нақшаи пешбинишуда 26,3 фоиз иҷро шудааст.

Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд то имрӯз зиёда аз 1600 хоҷагии пахтакор аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш додаанд. 

Пахтакорони вилоят ният доранд, ки соли ҷорӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда ҳосили хуб ба даст оранд ва 134 ҳазору 530 тонна пахта истеҳсол намоянд. 

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳамарўза дар ҷамъоварии пахта беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, наздик 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд ва ин ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 50 килограммӣ рост меояд.