Боздид аз боғи зардолуи ширкати истеҳсолии «Арча»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи Сомғор аз боғи зардолуи ширкати истеҳсолии «Арча» боздид кард.

Боғи зардолуи ширкат дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ташкил карда шудааст. Масоҳати боғ 8,2 гектар буда, дар он наздик 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. 

Боғ бо усули обёрии қатрагӣ обёрӣ шуда, барои 1 гектар дар панҷ соат 26 метри кубӣ об сарф мешавад. Тавре маълум аст, бо усули обёрии қатрагӣ об мустақиман ба решаи дарахт мерасад ва сарфи об назар ба обёрии маъмулӣ якчанд баробар кам мегардад.

Дар ярмаркаи ниҳол беш аз 1 миллион бех ниҳол ва кӯчату тухмии гул ба фурӯш гузошта шуд

2 март дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ниҳолу кӯчат боздид карда, бо дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо пешниҳоди боғпарварону сокинон гардид.

Аз ҷониби олимону мутахассисон роҳҳои самарабахш намудани ҳосилнокӣ ва пешгирӣ намудан аз нобудшавии ниҳолу кўчатҳо, мубориза алайҳи ҳашаротҳои зараррасон маслиҳату корҳои амалӣ нишон дода шуд.

Дар ноҳияи Спитамен яхобмонии заминҳо идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти яхобмонӣ дар заминҳои корхонаи кишоварзии БТК "ГРУПП" шинос шуд.​

Ба назари мутахассисон дар ин шабу рӯзҳо кишоварзон бояд ​ ба яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ мебошад ва баъди шудгори заминҳо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад.​

Ҳамчунин, намнокии замин нигоҳ дошта шуда, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатӣ бартараф мешавад. Ғайр аз ин, дар давраи яхобмонӣ намаки замин паст шуда, боғу токзорро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд.​