Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии “Палос”, ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно карданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникиву мошинолоти наву замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев кишти пахта оғоз ёфт

Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо кишоварзон дар оғози кишти пахта иштирок намуда, барои истифодаи самараноки замин, кишту парвариши навъҳои серҳосили пахта, риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ 1750 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.

Оғози кишти пахта дар ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, дар ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ба кишти пахта оғоз бахшид.

ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев аз ҷамъиятҳои калонтарин буда, дорои 3906 гектар замини киштшаванда ва 1041 гектар боғ мебошад.

Аҳли меҳнати ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев соли равон дар 1750 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда, ният доранд, ки дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта саҳми арзандаи худро гузоранд.