Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ ва содироти зардолу шинос гардид.
Дар ноҳияи Ашт, ки аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ ба ҳисоб меравад, 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз ин миқдор 570 гектари он зардолуи пешпазак буда, айни замон чиниш ва содироти маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Тибқи иттилои масъулин боғдорон тасмим доранд, ки 5000 тонна зардолуи пешпазакро ба Россия ва Қазоқистон содирот намоянд.
Тавре маълумот дода шуд, ҳамарӯза беш аз 10 мошини калони боркаш вориди ноҳия шуда, маҳсулотро интиқол медиҳанд. Нархи як килограм зардолу дар сари замин 8 сомонӣ аст.