Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 5 млрд. 343,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282 574,7 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119163,0 гектар, аз ҷумла гандум 54108,6 гектар, ҷав 48248,1 гектар, шолӣ 9593,7 гектар, лӯбиёгиҳо 4730,8 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6684,1 гектар, картошка 28880,6 гектар, сабзавот 18525,3 гектар, аз ҷумла пиёз 4834,1 гектар, полезиҳо 5565,7 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 45907,1 гектарро ташкил медиҳад.