Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан бо фаъолияти ниҳолпарварон шинос гардид.
Раиси вилоят дар хоҷагии ниҳолпарварии «Бахтиёр 65» аз намоиши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва тухмии зироатҳо боздид карда, бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва боғдорону деҳқонон суҳбат намуд.
Аснои суҳбат таъкид карда шуд, ки фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарвари деҳаи Ругунд назаррас буда, боғдорони деҳа дар парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда таҷрибаи бой доранд. Аксари минтақаҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон ниҳолҳои худро аз боғдорони ҳамин деҳа харидорӣ менамоянд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, бунёди боғҳои нав, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сабзу хуррам намудани муҳисти зист, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дастуру тавсияҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят ҳунарманду кандакори номии шаҳри Истаравшан Усто Солӣ Азизов ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ашӯрой Юлдошеваро аёдат намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд