Машварати корӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ

12 май дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, омор, беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаи замин ва дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Дар машварати корӣ таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, кишоварзони вилоят саҳми назарраси худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузошта истодаанд.

Сипас, гузориши сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд Баҳром Додиён доир ба таъсири боришоти рӯзҳои охир шунида шуд. Қайд гардид, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ боришоти боронҳои шадиду омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ ба қайд гирифта шуда, оқибати он сари вақт бо ҷалби сохторҳои марбутаи соҳа бартараф гардида, хисорот муайян карда мешавад.

Дар идома доир ба рафти корҳои саҳроӣ сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён маъруза намуда, оид ба ҷараёни кишти зироатҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумоти муфассал пешниҳод кард. Иттилоъ дода шуд, ки давоми чор моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1 млрд. 718 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 1 млрд. 685 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ наздик 33 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 131 фоизро дар бар гирифт.

Соли ҷорӣ тибқи нақшаи кишти тасдиқгардида дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони 173 ҳазору 835 гектар пешбинӣ гардида, маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи кишту кори баҳорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шуда, нақшаи кишти зироатҳо пурра иҷро гардад. Зеро, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз фаъолияти босамари кишоварзон вобастагии калон дошта, дар ин раванд масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самт ва таъмини уҳдадории худ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда фаъолиятро тақвият бахшанд. Ӯ инчунин илова намуд, ки соли равон бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид ва ин бояд омили фаровонҳосилӣ гардад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки деҳқонону кишоварзони вилоят минбаъд низ аҳлона меҳнат карда, барои таъмини фаровонии маҳсулот кӯшиш менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд