Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо кишоварзон дар оғози кишти пахта иштирок намуда, барои истифодаи самараноки замин, кишту парвариши навъҳои серҳосили пахта, риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ 1750 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.
Соли гузашта хоҷагидорон дар 1600 гектар пахта кишт намуда, ба хирман 5300 тонна пахта супорида буданд.
Кишоварзон ният доранд, ки имсол 35-40 сентнерӣ ҳосил гиранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд