Дар ноҳияи Ашт то 25 000 тонна зардолу истеҳсол карда хоҳад шуд

17 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни ҷамъоварӣ, банду баст ва содироти зардолу шинос гардид.

Дар ноҳияи Ашт, ки аз маконҳои асосии меваи зардолу маҳсуб меёбад, 18 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, 16 ҳазор гектари он боғоти зардолу мебошад ва айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Боғдорони ноҳия аз 10 май инҷониб чиниши зардолуи пешпазакро оғоз намудаанд ва маҳсулоти тару тоза ҳамарӯза содирот гардида истодааст. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия 500 гектар боғи​ зардолуи пешпазак вуҷуд дошта, аз ин ҳисоб тибқи нақша бояд 5000 тонна зардолуи пешпазак содирот гардад. Ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш маҳсулот ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон фиристода мешавад.​

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят аз боғоти зардолу иттилоъ дода шуд, ҳосили имсолаи зардолу фаровон буда, дар асоси ҳисобҳои пешакии масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳосили интизорӣ 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.​

Яке аз корхонаҳои пешқадами ноҳия, ки ба банду басти зардолуи тар машғул аст, «Зардолу ва компания» аст, ки маҳсулоти содиротшаванда дар он банду баст мешавад. Дар ин корхона, ки дорои технолигияи муосир ва сардхонаҳои калон аст, дар як шабонарӯз 50 тонна зардолу ба содирот омода карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки барои тақвият бахшидан ба раванди содироти маҳсулот бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Равзанаи ягона» -и амалиёти содиротии назорат ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти содиротшаванда ташкил гардидааст, ки соҳибкоронро ҷиҳати содироти бештари маҳсулот ҳавасманд намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд