Боздиди муовини Сарвазири мамлакат аз ноҳияи Мастчоҳ

26 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ боздид карда, бо ҷараёни ҷамъоварии зироати полезӣ, нашъунамои пахта, чормағзи заминӣ ва кишти такрорӣ аз наздик шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар»-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, «Резгиф»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва хоҷагиҳои деҳқонии «Манучеҳр» ва «Ардашер»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, тақвияти кишти такрорӣ ва пешгирии зироат аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли 2022 дар майдони 23121 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарашро ғалладонагиҳо, 12582 гектарро пахта, 1773 гектарро зироати равғандор, 101 гектарро картошка, 172 гектарро сабзавот, 1695 гектарро полезӣ ва 4065 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ парвариш ва нигоҳубини зироати кишоварзиро дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ монда,  шашмоҳаи якуми соли равонро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 8966 тонна ғалладонагӣ,  3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна полезӣ, 856,4 тонна мева истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 139 фоизро ташкил медиҳад. Дар умум, маҷмӯи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 258 млн 245 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Дар ноҳия кори мураттаби 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ таъмин буда, 22 500 гектар заминҳои корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо оби полезӣ таъминанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд