24 май дар вилояти Суғд семинари илмӣ — амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Дар қисми амалии семинар иштирокдорон аз қитъаҳои таҷрибавии навъҳои гандуми хориҷӣ дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд, қитъаҳои парвариши навъҳои гандуми «Нодир» ва «Давр» дар пойгоҳи “Сомғор”-и Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз бунёди боғи интенсивӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дидан намуданд.