Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пурра иҷро гардид.
Тавре маълум аст, ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
Тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шуда, ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар муҳлати муқарраргардида ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, барои адои хизмати ҳарбӣ номнавис ва ба дар вазъияти тантанавӣ ба хизмат гусел карда шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боиси он шуд, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро дар муҳлати муқарраргардида иҷро намоянд.
Имрӯзҳо барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз имкониятҳо ҳомиёни Ватан ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд