25 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» доир шуд. Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
Тибқи иттилои Сино Ғафурӣ, масъули бахши робита бо ҷомеаи донишгоҳ ҳамоиши байналмилалиро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки обшавии пиряхҳо раванди бисёр ҷиддиест, ки онро наметавон бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё чандсолаҳо пешгирӣ намуд. Талошҳои зиёд, давомдор ва муштарак, аз ҷумла ҷиҳати пешгирӣ кардани гармшавии ҳарорати ҳаво лозиманд, то ки суръати обшавии пиряхҳо коҳиш дода шавад. -Ҳадафи пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад, қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,- илова намуд роҳбари донишгоҳ дар идомаи суханронӣ.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, мавзуи конференсияи байналмилалиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Дар бахши ифтитоҳии конференсияи байналмилалӣ ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Сургут Засипкин Владислав Павлович, мудири лабораторияи илмии таҳқиқотҳои таърихии Донишгоҳи давлатии педагогии Сургут профессор Гололобов Евгений Илич дар мавзӯи “Водные ресурсы в системе экологического планирования СССР во второй половине XX в”, профессори кафедраи экспертизаи иқтисодӣ ва мониторинги молиявии Донишгоҳи технологии Россия Ҳусаинов Маннон дар мавзӯи “Энергетические ресурсы в развитие национальных экономик”, профессори кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Азимов Абдумавлон бо номи “Проблемаҳои нигоҳдории пиряхҳо”, тариқи онлайн, номзади илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Анвар Қодиров таҳти унвони “Тағйирёбии иқлимӣ ва таъсири он ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқи экологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд тариқи онлайн Гузал Узакова бо номи “Правовые вопросы обеспечения населения чистой питьевой водой в достижении целей устойчивого развития”, профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тўрақул Ризоқулов дар мавзӯи “Социально-экономические последствия изменения климата в Республике Таджикистан” ва дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидахон Солихоҷаева дар мавзӯи “Роль Республики Таджикистан в решении водных проблем Центральной Азии” маърӯзаҳо намуданд.
Иброз шуд, ки об барои рушди ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад ва ҷамият дар тӯли ҳазорсолаҳо обро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва тараннум мекунад, ки мардум аз қадимулайём дар назди ҳавзаҳои обӣ маскан мегирифтаанд.
Имрўзҳо бинобар афзоиши суръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мерасонад, ба маротиб зиёд шуда истодааст.
Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» дар бахшҳо идома хоҳад кард.