«Ҳеҷ касро дар канор намемонем!» - бардошт аз чорабинии иттилоотӣ

Дар асоси нақшаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокии занону духтарон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «МИР-Маркази Имконият баҳри Рушд» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкорӣ ва шарикии самаранок баҳри вусъат бахшидани ҳуқуқ ва имкониятҳои занону духтарон бо воситаи баланд бардоштани маълумотнокӣ» 23 майи соли равон дар Қасри фарҳанги деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони «Ҳеҷ касро дар канор намемонем!» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҷалби зиёда аз 150 нафар масъулон, фаъолон, сокинон, аз ҷумла занону духтарон ва ҷавонону хонандагони деҳоти Унҷӣ ва Ҳайдар Усмонови ноҳия доир гардида, дар он сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Гулнора Гадойбоева, раиси Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «МИР-Маркази Имконият баҳри Рушд» Ирода Бобоҷонова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ӯғулой Ҳоҷибоева суханронӣ намуданд.

Дар рафти маъракаи иттилоотӣ байни иштирокчиён викторина гузаронида, аз ҷониби хонандагон композитсияи адабӣ-бадеӣ, саҳнача оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила намоиш ва сурудҳо дар васфи ишқу муҳаббат садо доданд. Дар фарҷом, барои иштирокчиёни фаъол диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама баҳри омода намудани ҷавонон ба оилаю оиладорӣ, ба роҳ мондани муносибати хуби муошират байни аъзои оила, бунёди оилаи солим ва пешгирии зӯроварию хушунат дар оила мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд