Баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон дар шаҳри Бӯстон

20 майи соли равон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар кори Шӯро масъалаҳои рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27 майи соли 2016 баён гардиданд, сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, раванди ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва шуғлнокии онҳо, лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Бӯстон барои соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба масъалаи якуми Шӯро ҳисоботи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода шунида шуд.

Зимни пешниҳоди ҳисобот мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ рушди ахлоқӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва дигар омилҳо дар ин давра аз ҷониби бахш зиёда аз 52 чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вохўриву мулоқотҳо, аксияву ҳамоишҳо, семинару машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ  бо фарогирии бештар аз 4250 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр, 83 мусобиқаҳои варзишӣ ва оммавӣ-варзишӣ аз намудҳои гуногун бо иштироки бештар аз 5810 нафар баргузор гардида, аз ин 1430 нафар бонувон ва 6300 нафар тамошобинон аз корхонаву муассисаҳо, қисмҳои низомӣ ва аҳолии шаҳр фаро гирифта шудаанд.

Варзишгарони шаҳри Бӯстон дар давоми 4 моҳи аввали соли 2023 дар мусобиқаҳои кушоди шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида дар умум 314 адад медал ба даст оварданд, ки аз ин 109 медали тилло, 96 медали нуқра ва 109 медалӣ биринҷӣ мебошад.

Вобаста ба масъалаҳои дуюм ва сеюм сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, раванди ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва шуғлнокии онҳо гузориши мудири шуъбаи марифи шаҳр Ибодулло Зубайдуллозода ва мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Муҳаммадалӣ Фозилов шунида шуд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда лоиҳаи қарор тасдиқ гардид.

Тибқи масъалаи чоруми рӯзнома, бо мақсади таъмини самаранокии кори Шӯро бо ҷонибдории аъзои Шӯро нақшаи мушаххаси корӣ барои соли 2023 тасдиқ гардид.