Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Истаравшан

Дар амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан 19 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии мутантани идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии бошукӯҳи идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва қишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз фаъолияти меҳандустию ватанпарастии ҷавонон вобастагӣ дорад.

Сипас, аз рӯи 20 номинатсия аз ҷумла, номинатсияҳои рӯзноманигори беҳтарин, хабарнигори беҳтарин, варзишгари беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, хонандаи беҳтарин, донишҷӯи беҳтарин, беҳтарин корманди ҳифзи ҳуқуқ, сарояндаи беҳтарин, волонтёри беҳтарин, ҳунарманди беҳтарин, табиби беҳтарин, беҳтарин корманди мақомоти прокуратура, беҳтарин корманди мақомоти Судӣ, милитсия, андоз, беҳтарин корманди кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳр, беҳтарин соҳибкор ва беҳтарин хизматчии давлатӣ ҷавонони фаъоли шаҳр интихоб гардида, дар маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан бо диплом, медал, Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон ғолибони мусобиқаи кушоди шаҳрӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан дастаи футболбозони Беморхонаи марказии шаҳр бо Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ сарояндаҳои шинохтаи ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва сарояндаҳои хушсадои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба чорабинии бошукӯҳи идона шукӯҳи тоза бахшиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд