Бо қарори Раиси вилояти Суғд Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид.
Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардида, идомаи мантиқии Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021 маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур дурнамо барои панҷ соли оянда ба ҳисоб рафта, он самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳа ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро муайян менамояд.
Амалигардонии Барнома барои мукаммалгардонии заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, заминаи моддию техникӣ, омодасозии мутахассисон, вусъат додани рушди футбол бо истифода аз инфрасохтори муосир, бунёду таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, фароҳам намудани шароити мусоид барои зиёд намудани шуъбаҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва рушду оммавигардонии футбол дар деҳот тавассути ҷалби аҳолӣ ба футбол саҳм мегузорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд