Ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими шаҳрвандист

Вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар аз мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода бо донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони гурӯҳҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози вохӯрӣ роҳбари донишгоҳ қайд кард, ки фазои орому осудаи Ватан, пойдории суботи комил,  амнияту осоиши мамлакат ва фазои мусоиди кору зиндагӣ дар кишвари мо нишони ҳамбастагии мардуми сарбаланди тоҷик буда,  вазъияти печидаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар сокини мамлакат дар ҳифзи якпорчагӣ, истиқлолу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ҳар вақти дигар бештар масъул бошанд ва дар ҳифзу ҳимояаш кӯшиш намоянд.

Муъмин Шарифзода ба иштирокчиён аз қудратталабиву манфиатхоҳии кишварҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ёдоварӣ карда, ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллиро дар ин раванд аз масъалаҳои муҳиму саривақтӣ маънидод кард.

Масъалаи дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд, ин хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи Модар-Ватан буд. Иброз гардид, ки ҷавонон бояд сарҷамъ гардида, ба ҳам омада якдилона хизмати модарро, кишвари маҳбуби хешро, сарзамини аҷдодии худро ба ҷо оранд.

Ҳамзамон роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯён хост то пайваста ба омӯзиш машғул гарданд, илмҳои муосир, техникаву технологияро омӯхта мутахассисони забондон ва дорои қобилияти баланд ба камол расанд. Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ махсусан таъкид карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд