Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ омодагиҳо ба фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифт  

1 декабр ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ба фасли сармо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.

Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳисобот ироа гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд