Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи сайёр директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрӣ Олимшо, Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Биволида Самадӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Абдухолиқ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ,  Раёсати Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дастгоҳ ва мудирони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардида аз рӯи масъалаи якум Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ  бо гузориши таҳлилӣ аз натиҷаи санҷиши гузаронидаи Агентӣ дар солҳои 2020-2021 оид ба татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм Рауфзода Муҳаммадюсуф- сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ бо гузориши таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои ҳолати таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои болозикр дар давраи фаъолияти солҳои 2020- 2022 баромад намуд.

Дар қисмати музокираи ҷаласа Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо ва Биволида Самадӣ- Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд баромад намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо бо мақсади тақвияти фаъолият дар сатҳи мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта қарори ҳайати мушовара қабул карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд