Ташрифи журналистони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд

Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо сарварии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров аз Тоҷикистон боздид менамояд.

Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфт ва меҳмонон бо ҳамкасбони худ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд млоқот намуданд.

Журналистони ӯзбек давоми рӯз аз Идораи телевизион ва радиои вилоят ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, инчунин шаҳри Гулистон боздид мекунанд.

Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Тунсунзода амалӣ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Тоҷикистон ва Узбекистон марҳилаи сифатан нав касб намудаанд. Аз ҷумла, 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд