Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолони Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакент мулоқот намуд

Азназаргузаронӣ: 676

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ мулоқот намуд.

Дар ҷамъомад муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.

Ҳадафи мулоқот бо мардум аз расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дорад.

«Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои қавӣ гардонидани андешаҳои миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар он дарҷ мегарданд, муҳим буда, барои пешрафти илм, фарҳанг, саноат, энергетика, татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқэҷодкунӣ, ихтироъ, илмҳои дақиқ, риёзӣ, гуманитарӣ ва ғайра нақши амалӣ дорад. Бинобар ин мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарҷамъ бошем ва дар якҷоягӣ барои ободии Ватанамон камари ҳиммат бандем», — иброз намуд мавсуф.

Дар интиҳои мулоқот раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода гуфт, ки «мардуми сарбаланди водӣ сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, ҳама дастуру ҳидоят ва супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамоянд».

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд