Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти корҳои кишоварзӣ шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз муассисаи таълимии хусусии «Идрок» боздид намуд. Муассиса барои 480 нафар хонанда пешбинӣ шуда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи таълимӣ дорои ду ошёна буда, дар он 10 синфхонаи замонавӣ, ду лаборатория ва маҷлисгоҳ барои 240 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин барои машғул шудан ба варзиш толори замонавӣ ва дар саҳни муассиса инфрасохтори зарурии соҳа муҳайё карда шудааст.
Бунёди чунин муассисаҳо дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар деҳаи Ободӣ аз муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор» боздид намуд. Муассисаи мазкур барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, дорои шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.
Таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаҳо дар деҳот барои дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои оилаҳо аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи сафар таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи ноҳияи Шаҳристон равона гардид.
Ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имконият фароҳам меоранд, ки деҳқонон кишту парвариши намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монда, ҳосили фаровон ба даст оранд.
Раиси вилоят дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.
Зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон мебошад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо деҳқонону кишоварзон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Кишоварзони ноҳия бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути кофтани чоҳҳои амудӣ беш аз 200 гектар заминҳои лалмӣ ва бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо, аз ҷумла, кишти картошка ба роҳ мондаанд ва имрӯзҳо ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд.
Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазору 500 гектар картошка кишт намудаанд. Соли гузашта кишоварзони ноҳияи Шаҳристон беш аз 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда буданд ва имсол тасмим доранд, ки ин нишондиҳанда ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонида шавад.
Картошка аз ҷумлаи зироатҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он барои таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи агротехникаи парвариш, интихоби тухмии хушсифат ва зиёд намудани ҳосилнокӣ тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат Раҳим Шоаҳмедов ва Исмоилхон Аброpов дидорбинӣ намуд.
Ба собиқадорони меҳнат аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




